Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 15, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудаанд.

Тавассути дастгоҳҳо дар як рӯз зиёда аз 300 ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина” бештар аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ашёи хом дар шакли чарм аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуди пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ дӯхта мешавад.

Бинои коргоҳ 2-ошёна буда, маҳсулоташ ба талаботи замон ҷавобгӯст ва он ҳамчун ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад.

Ҳангоми шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти ивазкунандаи воридот ҳидоят намуданд.

Бонуи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иқтисодии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои нави коргоҳи истеҳсоли ашёи хом ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар шаҳри саноатии Гулистон аввалин ба шумор рафта, маҳсулоти он ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ, ки дар маҷмӯъ 50 намудро дар бар мегирад, дидан намуданд.

Таъкид гардид, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ ва истеҳсоли сару либоси гуногун дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд аст ва соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд коргоҳу корхонаҳои нав таъсис дода, дар рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳм гузоранд.
Ба истифода додани Коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина” дар шаҳри Гулистон 15.11.2022

Ноябрь 15, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд