Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Россия эълон кард
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро барои бозии дӯстона бо тими миллии Россия, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил гардидаанд, ки 15 нафарашонро легионерон ташкил медиҳанд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил гардиданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 10 ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Россия оғоз мекунад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо яккачини Россия:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






