ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2022 оид ба ҳунарҳои размӣ мақоми аввалро касб кард
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ дар Чемпионати Осиё-2022 натиҷаи рекордӣ нишон дод, ки ба он чанд моҳ омодагӣ медид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) хабар медиҳад.
Бори аввал дар шаҳри Душанбе аз 27 то 30 октябр Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ таҳти сарпарастии IMMAF дар синни аз 18-20 ва аз 20-сола боло баргузор шуд.
Дар чемпионат 13 кишвар ва қариб 175 нафар варзишгарон ширкат доштанд. Аз ҷумла, Қазоқистон, Баҳрайн, Тоҷикистон, Узбекистон, Урдун, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Лубнон, Эрон ва Туркманистон.
«IMMAF» – ин Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта буда, маркази ҷаҳонии федератсияҳои миллии MMA мебошад, ки рушди ин навъи варзишро дар саросари ҷаҳон танзим мекунад.
Чемпионат аз ҷониби Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) ташкил гардид. Гарчанде ки он бори аввал дар кишвари мо баргузор шуд, ташкилӣ ва миқёси он дар сатҳи олӣ буд.


Чемпионати Осиё оид ба ММА-2022 дар 13 кишвари ҷаҳон дар як замон ва дар низоми вақти воқеӣ пахш шуд.
Варзишгарони тоҷик, ки натиҷаи фавқулода нишон доданд, ҳайати доварон, инчунин мухлисонро ба ҳайрат андохтанд. Тоҷикистон бо касби 35 медал – 9 тилло, 8 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҳисоби даставӣ миёни 13 кишвари ширкаткунанда мақоми 1-умро касб кард.
Акс: TAJMMAF











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






