Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» — ро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аъзам-Ю» мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷавонону наврасонро бештар ба варзиш ҷалб намоянд.
Иншооти нави варзишӣ дар масоҳати 885 метри мураббаъ бо назардошти шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи варзишиву солимгардонӣ сохта шудааст. Дар қасри варзиш 10 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, санитарӣ ва корӣ ҷой дода шуда, барои тамошои мусобиқаҳои варзишӣ ба 300 нафар ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» асосан барои намудҳои гӯштин, каратэ ва гимнастика пешбинӣ гардида, дар баробари писарон духтарон низ ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди ин иншооти замонавӣ намудҳои гуногуни варзиш дар ноҳияи Деваштич рушд мекунанд.
Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» дорои шароити муосир буда, дар баробари муҷаҳҳаз намудани иншоот бо гилеми махсуси варзишӣ, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар варзишгар бо либоси варзишӣ таъмин гардиданд.
Давоми солҳои охир дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд садҳо иншооти варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш замина фароҳам оварда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






