Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ бо дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 216 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Дар Марказ 17 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин гардидаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд. Марказ дорои шароити муосири таълимӣ буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 12 гурӯҳ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бинои Марказ 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, рассомӣ ва дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм мавҷуд мебошанд.
Раванди таълим дар ин маркази навбунёд бо забонҳои тоҷикӣ, русиву англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар он кӯдакон ба омӯзиши ҳунарҳои рассомӣ, дӯзандагӣ ва пазандагӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Универсал электромантаж” дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом додаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар марказ фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






