ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. То соли 2050 сеяки пиряхҳои феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО об мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2050 сеяки пиряхҳои феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО об мешавад. Дар ин бора дар гузориши созмон омадааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews.
Муаллифони гузориш бар онанд, ки ҷамъи яхҳои вулқони Килиманҷаро, Алпҳои Доломитҳо, Пиренейҳо ва Боғи миллии Йосемити ИМА-ро, новобаста аз тадбирҳои андешида барои мубориза бо тағирёбии иқлим наҷот додан ғайриимкон аст.
Дар баробари ин дар сурати аз 1,5 дараҷа Селсия зиёд нашудани гармшавии глобалӣ аз се ду ҳиссаи пиряхҳои боқимондаро ҳанӯз наҷот додан мумкин аст.
Дар маҷмӯъ 18600 адад пиряхҳо, яъне ҳар даҳумин пиряхи ҷаҳон ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Майдони умумии онҳо 66 ҳазор километри мураббаъ мебошад.
Коршиносони ЮНЕСКО ҳушдор медиҳанд, ки ин пиряхҳо ҳамасола ҳудуди 58 миллиард тонна обро аз даст медиҳанд. Тақрибан ҳамин миқдорро дар тӯли 12 моҳ Испания ва Фаронса дар якҷоягӣ истифода мебаранд. Аз ин сатҳи баҳр боло меравад ва сокинони маҳаллӣ, ки пиряхҳо барояшон манбаи оби ошомиданӣ мебошанд, метавонанд бо камбуди он рӯбарӯ гарданд.
Гузориши ЮНЕСКО бар асоси маълумоти моҳвораӣ дар пешорӯи нишасти иқлимии COP27 (Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим-2022, — тавзеҳи АМИТ «Ховар»), ки аз 6 то 18 ноябр дар Миср баргузор мешавад, интишор гардид.
Даъват ба амал
«Ин гузориш даъват ба амал аст. Танҳо коҳиши босуръати партовҳои CO2 метавонад пиряхҳо ва гуногунии биологии аз онҳо вобастаро наҷот диҳад. COP27-и дарпешистода дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкилот нақши ҳалкунанда хоҳад дошт. ЮНЕСКО омода аст, ки давлатҳоро барои расидан ба ин ҳадаф дастгирӣ намояд», — гуфт Директори генералии ЮНЕСКО.
Ӯ иттилоъ дод, ки ЮНЕСКО аз таъсиси фонди байналмилалии мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ мекунад. Чунин фонд тадқиқотро дастгирӣ менамояд, мубодилаи иттилоотро байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор осон мекунад ва чораҳои огоҳии пешакӣ ва коҳиш додани хатари офатҳоро амалӣ месозад.
Дар ЮНЕСКО ёдовар шуданд, ки нисфи инсоният мустақим ё ғайримустақим аз пиряхҳо ҳамчун манбаи об барои эҳтиёҷоти дохилӣ, кишоварзӣ ва энергетика вобаста аст. Пиряхҳо ба бисёр экосистемаҳо ғизо дода, ба ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамоянд.
Вақте пиряхҳо зуд об мешаванд, миллионҳо одамон ба хатари обхезӣ дучор мегарданд. Онҳо ба далели боло рафтани сатҳи баҳр маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд. Дар гузориш зарурати фаврии коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва сармоягузорӣ ба тадбирҳои ҳифзи табиат, ки метавонанд дар коҳиш додан ва беҳтар мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим мусоидат намоянд, таъкид гардидааст.
Президенти Тоҷикистон дар ин бора борҳо изҳор доштаанд
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин мушкилотро, аз ҷумла моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор изҳор дошта буданд.
«Имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд», — гуфта буданд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон карданд.
Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
«Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон — пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд.
«Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Дар робита ба ин Пешвои миллат ба СММ пешниҳод намуданд, ки Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад ва соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз