Президенти Тоҷикистон шомилшавии баъзе ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ хатари ҷиддӣ номиданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ хатари ҷиддие мебошад, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созад. Дар ин бора 9 ноябр Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои яке аз қисмҳои ҳарбии ВКД изҳор доштанд.
«Терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳо, бахусус солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд, — тазаккур доданд Сарвари давлат. – Дигар хатари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад».
Президенти Тоҷикистон аз тамоми сохторҳои қудратӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои зикршуда ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд.
Ёдовар мешавем, ки 18 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Ҳукумати мамлакат зиёда аз панҷ ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷикро бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонид. Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» чунин изҳор доштанд: «Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон <…>, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»






