Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси ҷониби Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса тайи 30-соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои миёни ду кишвар дар рафти музокироти сатҳи олӣ дар Париж дар соли 2021 бадастомадаро таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зимнан, қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Дар ин қарина атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Президентҳо зарурати коркарди мавқеъҳои умумӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мусоидат ба раванди интиқоли ин кишвар ба маҷрои сулҳу субот ҳамчун шарти асосии таъмини амнияти минтақа таъкид карданд.
Дар хотимаи суҳбат Президентҳо аз сатҳу ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






