Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд

Ноябрь 6, 2022 19:37

ДУШАНБЕ, 06.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.

Аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи обии барқӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расидаанд.

Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК  аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти муосири соҳаҳои энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ, рақамисозии идораю истеҳсолот ва ғайра мебошад.

Ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои гуногун ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ, таҷрибаи фаровон дорад.

Ноябрь 6, 2022 19:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд