Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ минбаъд 6 май таҷлил мегардад

Ноябрь 23, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баҳрабардории вакилони мардумӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Таъкид карда шуд, ки мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

Дар ин замина муайян намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, иди касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

Ҳамзамон вакилон лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои якум, дуюм ва сеюмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 апрели соли 2013 ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои якум, дуюм ва сеюм бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои якум, дуюм ва сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои баррасишударо ба вакилони мардумӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода, Солеҳа Холмаҳмадзода, Толибхон Азимзода, Сурайё Дустмуродзода баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Ноябрь 23, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд