Раиси шаҳри Хуҷанд ба бонувони ҳунарманд 40 грант ба маблағи умумии 165 000 сомонӣ тақдим намуд
СУҒД, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 10 ноябр бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳр ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ, дар маҷмӯъ 165 000 сомонӣ супорид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ҳадаф аз додани маблағҳои грантӣ ба бонувони ҳунарманд- дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони эҷодкор мебошад.
Раиси шаҳр оид ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ки дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, гуфт, ки дар ин самт таъсис додани грантҳои президентӣ, гранти раиси вилоят ва гранти раиси шаҳр баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.
Дар ин замина имсол 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр соҳиби гранти раиси вилоят шуданд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманд таъсис дода мешаванд, то фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор рушд ёбад.
Дар ин радиф 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.
Миёни ғолибони озмуни гранти раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақият дошта, ният доранд бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омўзонанд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






