Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Ноябрь 22, 2022 17:56

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои минтақавии мавриди таваҷҷуҳи таррафайн, аз ҷумла  ҳамкориҳо дар доираи Стратегия Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, инчунин ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд.

Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 22, 2022 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд