Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҷӯра»-и ноҳияи Қубодиён ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд

Ноябрь 1, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Заминҳои корами обию лалмӣ, истифодаи самараноки он, дастгирии хоҷагидорон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ фаровонҳосилиро дар ноҳия таъмин ва сатҳи зиндагии сокинонро беҳтар гардонид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи парвариш, нигоҳубин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони шолӣ дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳия шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” соли 2016 аз ҷониби Муродулло Мусоев ташкил гардида, ба парвариш ва истеҳсоли намудҳои гуногуни зироати кишоварзӣ машғул мебошад.

Имсол аҳли заҳмат баъд аз ҷамъоварии ҳосили асосии макка барои дон дар майдони 30 садяк кишти такрории шолӣ гузарониданд, ки самараи хуб ба бор овардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо мутахассисону хоҷагидорон таъкид намуданд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз бояд аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, сари вақт ҳосилро ҷамъоварӣ ва фаъолиятро ҷиҳати васеъ гардонидани майдони кишти тирамоҳӣ ҷоннок созанд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва меваҷот ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли 2022 қариб 34 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 86 ҳазору 422 тонна сабзавот, 8 ҳазор тонна мева, беш аз 5 ҳазор тонна пахта, дигар намуди маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо намунаи ҳунари занону бонувони чирадасти ноҳия шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва таъомҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, ба насли ояндаи мамлакат омӯзонида мешаванд.

Боздид аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра”-и ноҳияи Қубодиён ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон