Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри «Арбоб» дидан карданд

Ноябрь 16, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб» идома ёфт.

Дар Қасри маданияти «Арбоб» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ карда шуд, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуданд.

Дар толори “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият”-и Осорхонаи Қасри «Арбоб» маводи нодир ба намоиш гузошта шудааст.

Хусусан, дар толори намоишии “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеаҳои мудҳиши гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии тӯлонӣ, лаҳзаи риққатовари гаҳвораи бетифл, гиряи талхи модар ва кудаки маъсуми ӯ аз бадбахтӣ ва фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тарки манзил кардани ҳазорон нафар сокинони мамлакат, вазъи гурезаҳои иҷборӣ ва даҳҳо манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд.

Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.

Ҳамчунин аксҳои намояндагони васитаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудааст.

Нигораи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ба қалами рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, расми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ — кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Сарвари давлат гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст.

Дар доираи навсозии куллии Осорхонаи Қасри маданияти «Арбоб» ва пешниҳоди маводи маҳфузгардида бо тарҳи муосир, ҳамзамон дар ин ҷо гӯшаи таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои 10, 15, 20 ва 25-солагии иҷлосия ва толори баргузории Коммиссияи машваратӣ оид ба рафти кори иҷлосия ташкил карда шудааст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.

Дар толори намоишии “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” бошад, тамоми марҳилаҳои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан расидан ба сулҳу ваҳдати комил, соҳиб гаштан ба рамзҳои давлатдорӣ, пешрафт ва ободии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар заминаи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумат — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят саноатикунонии босуръати кишвар дар ин толори муҳташам дар аксу лавҳаҳои алоҳида ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
Боздид аз Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Қасри Арбоб 16.11.2022

Ноябрь 16, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд