Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28–ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бинои «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, таҷҳизи он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои қариб 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар иншооти нав барои омӯзиши касбу ҳунар синфхонаҳои алоҳидаи духтарона ва писарона ташкил гардида, 1 кабинети алоҳида барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Омӯзиш дар ин синфхонаҳо бо назардошти талаботи замони муосир ва усулҳои эътирофгарида гузаронида мешавад. Ба хотири сифатан беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ дар бинои нави муассиса 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои зарурии таҷрибаомӯзӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои химия, физика ва биология бунёд ёфтааст. Таълимгоҳ ҳамчунин дорои 2 синфхонаи алоҳидаи технологияи иттилоотӣ буда, ба хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад.
Иброз гардид, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ дар муассисаи таълимӣ китобхона бо толори хониш ва китобхонаи электронӣ ташкил гардида, хонандагон ба махзани бойи китобҳо дастрасӣ доранд.
Дар иншооти нав маҷлисгоҳ барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ошхона, машқгоҳи тирандозӣ ва ҳуҷраи тиббӣ бунёд ёфтаанд.
Бояд зикр кард, ки бинои қаблии муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар маркази шаҳр бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, атрофи он пурра сабзпӯш карда шудааст.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба хонандагон тавсия доданд, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш ва техникаву технологияи муосир ҳамеша талош намоянд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






