Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарвариро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.
Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ бунёд гардида, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чуҷаи аз 10 то 12 рӯза нигоҳ дошта мешавад. Чуҷаи паранда аз корхонаҳои инкубатсионии вилояти Суғд дар якрӯзагӣ оварда шуда, ба муддати 45 рӯз парвариш карда мешавад ва сипас ба забҳхона равона мегардад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гушт баробар аст.
Барои нигоҳубини паранда 10 нафар сокинони маҳаллӣ вобаста гардидаанд ва онҳо роҳҳои дурусти парвариши парандаро пурра омухтаанд.
Корхона бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти воридоти таҷҳизот ва таъсиси корхонаи парандапарварӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд карда шудааст.
Таҷҳизоти васлу насбшуда, ки замонавӣ мебошад, имкон медиҳад, ки паранда бо риояи талабот ва бе талаф парвариш карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, ки омили пешрафти мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад, сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар бозор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






