Сергей Наришкин: «Россия ва Тоҷикистон минбаъд низ барои таъмини амнияти минтақавӣ ва миллии ду давлат тадбир меандешанд»
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 22 ноябр дар Қасри миллат директори Хадамоти иктишофи хориҷии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Россия ва Тоҷикистон, инчунин рӯзномаи байналмилалиро, аз ҷумла дар робита ба вазъи Афғонистон ва атрофи он баррасӣ кардем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти иктишофи хориҷии Россия Сергей Наришкин.
Сергей Наришкин таъкид кард, ки ҷонибҳо дар мавриди арзёбии якчанд масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ назари яксон доранд ва дар ин самт зарурати идомаи талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва миллии ду кишвар зикр гардид.
Ба гуфтаи Сергей Наришкин, миёни Россия ва Тоҷикистон муколамаи боэътимод ва устувор вуҷуд дорад, ки заминаи хубе барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мебошад. «Мо шарики стратегӣ ва аъзои СААД ҳастем. Президентҳои ду кишвари мо дар тамоси доимӣ ҳастанд, чунон ки мегӯянд, оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории мо дар рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ «соатҳоро ҳамоҳанг месозанд», — таъкид намуд директори Хадамоти иктишофи хориҷии Россия Сергей Наришкин.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид






