Шабонарӯзи гузашта ва субҳи 8 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон зуҳуроти сел, сангрезӣ ва заминларза ба қайд гирифта шуд

Ноябрь 8, 2022 11:47

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр, тахминан соати 05:50 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар километри 352-юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, ки аз ҳудуди деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ убур мекунад, сел ба амал омад. Дар айни замон ин роҳ баста шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон хабар доданд.

8 ноябр, тахминан соати 06:05 дар километри 447-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Хехики Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуда, роҳ муваққатан баста шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои резиши санг идома доранд.

Бино ба иттилои ширкати роҳсозии IRS, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои вазнин ба ду самт баста ва барои мошинҳои сабукрав боз аст.

7 ноябр, тахминан соати 07:27 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Оби Гарми шаҳри Роғун бар асари бориши шадид роҳи маҳаллӣ фурӯ рафтааст. Дар айни замон аз ҳисоби роҳи иловагӣ ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 10:57 дар километри 73-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун убур мекунад, резиши санг ба қайд гирифта ва қисмати ин роҳ муваққатан баста шуд. Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои он бартараф карда шуда, дар айни замон роҳ кушода аст.

Ҳамзамон 7 ноябр, тахминан соати 08:27 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар километри 270-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Шиддати заминларза дар маркази он 3-4 баллро ташкил намуда, дар шаҳри Хоруғ 2-3 балл эҳсос шудааст.

Акс: КҲФ ва МГ

Ноябрь 8, 2022 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид