ШОРЕҲОН ОМОДААНД! Сокинони Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳонии футбол-2022-ро ба таври мустақим тамошо мекунанд

Ноябрь 15, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳуқуқи телевизионии пахши бозиҳои Чемпионати ҷаҳонии футболро, ки аз 20 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дӯстдорони футболи Тоҷикистон метавонанд бозиҳои чемпионатро тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақим тамошо кунанд. Бозиҳоро бо забони тоҷикӣ ҳайати рӯзноманигорони варзиш иборат аз панҷ нафар: Аловиддин Бӯриев (сармуҳаррири Идораи гузоришҳо ва пахши мустақим), Гулрӯз Ғуломов, Бобо Холмуродзода, Парвиз Маҳмадамин, Меҳровари Кишвар ва Фаридун Шарифзода шарҳ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионати XXII ҷаҳон дар 8 варзишгоҳи 5 шаҳри Қатар баргузор мешавад. Шабакаҳои «Варзиш» ва «Футбол» барои мухлисони футбол пеш аз оғози бозиҳо барномаҳои махсуси варзишӣ омода мекунанд. Барномаҳо давоми як моҳ мустақим пахш мешаванд. Гурӯҳи наворбардории ин шабакаҳо нақша дорад, ки аз варзишгоҳҳои Қатар робитаи мустақим ба роҳ монад.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: (аз чап ба рост): Гулрӯз Ғуломов, Бобо Холмуродзода, Аловиддин Бӯриев, Парвиз Маҳмадамин, Меҳровари Кишвар, Фаридун Шарифзода. Акс ТВ «Варзиш»

 

Ноябрь 15, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид