Соҳибкорони Самара бо ҳадафи тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омаданд

Ноябрь 18, 2022 13:54

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шаш корхонаи вилояти Самара рӯзи панҷшанбе, 17 ноябр ба Душанбе омаданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Намояндагии савдои Россия дар Тоҷикистон хабар дод.

«Зимни сафари тиҷоратӣ соҳибкорони Самара аз якчанд корхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карда, бо намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохӯриҳои корӣ баргузор мекунанд», — гуфта шудааст дар хабари ТАСС.

Ба ин ҳайат намояндагони шаш корхонаи вилояти Самара, ки ба истеҳсоли орд, моддаҳои фаъоли сатҳӣ, стерилизаторҳо, нармафзор, мошинҳо барои бахши кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лавозимоти тиббӣ ва ғайра машғуланд, шомил мебошанд.

Ба иттилои намояндаи савдо, дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон 67 ширкати Россия иштирок доранд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти тиҷоратии вилояти Самара, ки миёни минтақаҳои Россия дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мақоми ҳаштумро ишғол мекунад, 11,6 миллион долларро ташкил додааст.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 18, 2022 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид