Таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи «Namangan Open» 13 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-29 октябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба таэквондо «Namangan Open» баргузор шуд, ки дар он таэквондочиёни тоҷик 13 медал ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа дар баробари намояндагони Узбекистон варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон ширкат карданд. Дар асоси низомномаи мусобиқа, қувваозмоиҳо миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон сурат гирифтанд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо ба ин мусобиқа 37 варзишгар, 10 мураббӣ ва 4 довар сафарбар гардида, бо 13 медал – 6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.
Миёни калонсолон Бахтовар Шарипов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг медали тилло, Акбарҷон Бобоназаров дар равияи пумсэ медали нуқра, Лоиқ Давлатзода дар вазни -58кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров дар вазни -55кг ҷои дуюмро касб намуд.
Миёни наврасон Абдуҷаъфар Баҳодурзод дар вазни -49кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Миёни кӯдакон Муҳаммад Шарипов дар вазни -24кг, Акрамҷон Насриев дар вазни -26кг, Мубориз Ёрасенов дар вазни -32кг ҷои аввал, Анвар Аҳмадзода дар вазни -24кг, Олия Муродова дар вазни -27кг ҷои дуюм, Абубакр Каримов дар вазни -23кг, Муҳаммад Давлатов дар вазни -28кг ҷои сеюмро сазовор гаштанд.
АКС: КМО Тоҷикисон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






