ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ДЗЮДОЧИИ ҶАҲОН! Ӯ аввалин медали тиллоро дар таърихи дюздои Тоҷикистон дар мусобиқоти Grand Slam соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Темур Раҳимов аввалин медали тиллоро дар таърихи дюздои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.
Дар мусобиқоти «Baku Grand Slam 2022», ки аз 4 то 6 ноябр дар Озарбойҷон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик — Темур Раҳимов дар даври ниҳоӣ дар рӯзи охири мусобиқа дар вазни +100 кг тавонист дар қуввасанҷӣ бо намояндаи Узбекистон Алишер Юсупов бо имтиёзи иппон пирӯз шавад ва сазовори медали тиллои ин мусобиқа гардад.
Ҳамчунин, Темур Раҳимов бо қаҳрамонӣ дар «Baku Grand Slam 2022» соҳиби 1000 имтиёзи Олимпӣ гардид ва мавқеи худро дар садри ҷадвали беҳтарин дзюдочиёни сайёра нигоҳ дошт.
Маврид ба зикр аст, ки варзишгари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар рӯзи якуми мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба дзюдо дар вазни то 66 кг барандаи медали нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзи охири рақобатҳо варзишгарони дигари тоҷик дар вазни то 90 кг Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври 2-юм ва Раҳматулло Мирзоев бо Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг дар даври аввал ноком шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карданд.
Мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа дар байни 61 давлат бо ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра дар ҳисоби даставӣ дар ҷои 6 қарор гирфт.
Дар мусобиқоти «Baku Grand Slam 2022» ҳамагӣ варзишгарони 20 давлат тавонистанд соҳиби медал гарданд:
1. Озарбойҷон: 4 тилло ва 2 биринҷӣ
2. Нидерланд: 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ
3. Сербия: 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ
4. Италия: 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ
5. Узбакистон: 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ
6. Тоҷикистон: 1 тилло ва 1 нуқра
7. Канада: 1 тилло ва 1 нуқра
8. Молдова: 1 тилло
9. Фаронса: 1 тилло
10. Исроил: 1 тилло
11. Шветсия: 1 тилло
12. Белгия: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ
13. Португалия: 2 нуқра
14. Муғулистон: 1 нуқра ва 1 биринҷӣ
15. Украина: 1 нуқра
16. Венгрия: 2 биринҷӣ
17. Гурҷистон: 2 биринҷӣ
18. Косово: 2 биринҷӣ
19. Словения: 2 биринҷӣ
20. Испания: 1 биринҷӣ
Пайрав ҚОСИМ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






