ТЕМУР РАҲИМОВ – БЕҲТАРИН ДЗЮДОЧИИ ҶАҲОН! Ӯ аввалин медали тиллоро дар таърихи дюздои Тоҷикистон дар мусобиқоти Grand Slam соҳиб шуд

Ноябрь 7, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Темур Раҳимов аввалин медали тиллоро дар таърихи дюздои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.

Дар мусобиқоти «Baku Grand Slam 2022», ки аз 4 то 6 ноябр дар Озарбойҷон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик — Темур Раҳимов дар даври ниҳоӣ дар рӯзи охири мусобиқа дар вазни +100 кг тавонист дар қуввасанҷӣ бо намояндаи Узбекистон Алишер Юсупов бо имтиёзи иппон пирӯз шавад ва сазовори медали тиллои ин мусобиқа гардад.

Ҳамчунин, Темур Раҳимов бо қаҳрамонӣ дар «Baku Grand Slam 2022» соҳиби 1000 имтиёзи Олимпӣ гардид ва мавқеи худро дар садри ҷадвали беҳтарин дзюдочиёни сайёра нигоҳ дошт.

Маврид ба зикр аст, ки варзишгари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар рӯзи якуми мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба дзюдо дар вазни то 66 кг барандаи медали нуқра гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзи охири рақобатҳо варзишгарони дигари тоҷик дар вазни то 90 кг Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври 2-юм ва Раҳматулло Мирзоев бо Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг дар даври аввал ноком шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карданд.

Мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа дар байни 61 давлат бо ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра дар ҳисоби даставӣ дар ҷои 6 қарор гирфт.

Дар мусобиқоти «Baku Grand Slam 2022» ҳамагӣ варзишгарони 20 давлат тавонистанд соҳиби медал гарданд:

1. Озарбойҷон: 4 тилло ва 2 биринҷӣ

2. Нидерланд: 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ

3. Сербия: 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ

4. Италия: 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ

5. Узбакистон: 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ

6. Тоҷикистон: 1 тилло ва 1 нуқра

7. Канада: 1 тилло ва 1 нуқра

8. Молдова: 1 тилло

9. Фаронса: 1 тилло

10. Исроил: 1 тилло

11. Шветсия: 1 тилло

12. Белгия: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ

13. Португалия: 2 нуқра

14. Муғулистон: 1 нуқра ва 1 биринҷӣ

15. Украина: 1 нуқра

16. Венгрия: 2 биринҷӣ

17. Гурҷистон: 2 биринҷӣ

18. Косово: 2 биринҷӣ

19. Словения: 2 биринҷӣ

20. Испания: 1 биринҷӣ

Пайрав ҚОСИМ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ноябрь 7, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Узбекистон мусовӣ бозӣ кард
Раҷаббой Аҳмадзода Раиси Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз бозиҳои даври чоруми Чемпионати CAFA-2023 (U-20) баргузор мешаванд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихоби бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад
ХАБАРИ ХУШ! Барандагони медалҳои олимпӣ дар Тоҷикистон кумаки молии якумра хоҳанд гирифт
ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо муайян карда шуд
ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Бозиҳои даври сеюм 24 май баргузор мешаванд
Дар мавсими нави мусобиқоти Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 60 даста иштирок менамояд
Дар Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд 18 ҳазор нафар иштирок намуд
Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 ва дар марафони велосипедронӣ 1560 нафар иштирок намуд
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба заврақронӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид