«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар Душанбе Фестивали варзишии наврасони пойтахт баргузор шуд

Ноябрь 22, 2022 17:02

ДУШАНБЕ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони варзишии «Душанбе Арена»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор гардид, ки дар он 70 даста бо фарогирии 800 нафар кӯдакону наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Дилбар Одилзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин Фестивал, пеш аз ҳама, ҷалб намудани насли ҷавони пойтахт ба варзиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар дили онҳо, талқини дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон, дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти он маҳсуб шуда, Раиси муҳтарами шаҳр ҳамеша барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯсту меҳанпараст тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешанд.


Дар охир ба ҳар як дастаи иштирокчӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Фестивали мазкур дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 24 ноябри соли 2022 идома дошта, дар ҷамъбаст ғолибон ва фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 22, 2022 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад