ТОҶИКИСТОН–РОССИЯ. Пагоҳ дар варзишгоҳи марказӣ тамринҳои расмӣ ва нишасти хабарӣ баргузор мешаванд

Ноябрь 15, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия пагоҳ, 16 ноябр, дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тамрини расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз анҷоми тамрини пеш аз бозӣ сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия Петр Сегрт ва Валерий Карпин ва як бозигарӣ аз ҳарду даста дар нишасти хабарӣ ширкат мекунанд.

Рӯзноманигороне, ки дархост фиристодаанд, пагоҳ пеш аз оғози тамрини дастаҳо метавонанд иҷозатномаҳои аккредитатсионии худро гиранд.

16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе пеш аз бозӣ чорабиниҳои зерин дар назаранд:

17:30 – Тамрини расмии дастаи мунтахаби Тоҷикистон (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО боз аст).

18:45 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва як бозигари даста.

20:00 – Машқи расмии дастаи Россия (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО кушода аст).

21:15 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии дастаи мунтахаби Россия Валерий Карпин ва як бозигари даста.

Акс: ФФТ

 

Ноябрь 15, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад