«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Даври ниҳоии озмун оғоз ёфт

Ноябрь 11, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 11.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва ҳайати ҳакамону масъулин даври ниҳоии озмун оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки озмун бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 22 августи соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеъру сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинаҳои эҷоди шеъри беҳтарин, қироати беҳтарини шеър, иҷрои суруди беҳтарин, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ менамоянд.

Дар он хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод доранд, ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон менамоянд.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 11, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд