Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохтааст

Ноябрь 10, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд. Ин маълумот дирӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Илова бар ин, дар доираи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.


Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 9 ноябр дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.


Бояд гуфт, ки соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар саросари кишвар таҷлил мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд