ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1620 то 0.1635 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.2130 сомонӣ;
1 евро – 10.0843 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1615 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.2130 то 10.1500 сомонӣ;
1 евро аз 9.9677 то 10.1500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1620 то 0.1635 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».