Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба муносибати анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба М.Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 26 июн Призиденти ИМА Ҷо Байден номзадии Мануэл Микаллерро ба мақоми Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Мануэл Микаллер дипломати ботаҷриба буда, ҳоло ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Непал кор мекунад.
Мануэл Микаллер қаблан дар сафоратҳои ИМА дар Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон кор карда, дар Департаменти давлатӣ мақоми баландро ишғол намудааст. Дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сафир оид ба иқтисод фаъолият кардааст.
Микаллер дараҷаи бакалаврро дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва дараҷаи магистрро дар идораи соҳибкориро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон гирифтааст. Ӯ инчунин дар Донишгоҳи мудофиаи миллӣ дараҷаи магистр гирифта, донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва тоҷикӣ мебошад.
Акс: ВКХ ҶТ








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






