Вазири молияи Тоҷикистон дар Форуми дуюми иқтисодии Узбекистон иштирок намуд

Ноябрь 4, 2022 17:28

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 ноябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми дуюми иқтисодии Узбекистон, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.

Форуми мазкур ба мавзӯъҳои «Нақши бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисодӣ», «Сиёсати пулию қарзӣ ҳамчун омили калидии таъмини суботи макроиқтисодӣ», «Аҳамияти гузариш ба иқтисоди сабз дар пасманзари тағйирёбии иқлим», «Табдил додани хавфҳои демографӣ ба имконияти сармояи инсонӣ», «Дурнамои рушди инфрасохтор дар Узбекистон» ва ғайра бахшида шуданд.

Дар ҳошияи иштирок дар форум вохӯрии Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарони якчанд ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали чорабинӣ бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде, дар рӯзи дуюми форум бо ноиби Президенти минтақавии Ташкилоти Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар Шарқи наздик, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон хонум Ҳела Шейхроухӣ, бо Директори минтақавӣ оид ба рушд, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Лолита Мертӣ, бо муовини Сарвазир – Вазири рушди иқтисод ва паст кардани камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Кучкаров ва бо Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Тимур Ишметов мулоқотҳо сурат гирифтанд.

Дар вохӯриҳо масъалаи рушди ҳамкории мутақобилан судманд, дарёфти маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти мамлакат, инчунин кумакҳои техникӣ барои татбиқи ислоҳот мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2022 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд