ЁДИ ОНҲО АБАДИСТ. Парлумони Тоҷикистон барои ҷовидон гардонидани хотираи ҳомиёни Ватан қонун қабул намуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»-ро қабул намуд. Зимни муаррифии санад дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири мудофиаи Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода муқаррароти ин санади қонунгузориро шарҳ дод.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» суханони Собирзодаро дар ин бора овардааст, ки ин корҳо бо арҷгузорӣ ба мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонии фавтидагон, сабти ном, нигоҳубини қабристонҳои ҳарбиён, ёдгориҳо, маконҳои таркиш ва садамаҳои ҳавопаймоҳои низомӣ амалӣ карда мешаванд.
Гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ошкор намудани қабристонҳои ҳарбии ба қайд гирифтанашуда, муайян намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда дар доираи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷовидон гардонидани хотираи муҳофизони Ватан баррасӣ карда мешавад.
«Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии кишвар ҷиҳати ҷовидонӣ гардонидани хотираи фавтидагон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд, ки ин барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аҳамияти калон дорад», — гуфт Собирзода.
Дар қатори дигар чорабиниҳо ҷиҳати ҷовидонӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан дафни хизматчиёни ҳарбӣ бо шарафи низомӣ, гузоштани санги мазор, сутунҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳо дар қабристонҳо, гузоштани номи фавтидагон ба маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, муассисахои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, гузарондани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва баргузории ҳамоишҳои оммавӣ бахшида ба санаҳои муҳим аз ин ҷумлаанд.
Муовини якуми Вазири мудофиа итминон дорад, ки ҳамаи ин корҳо ба ташаккули афкори ҷомеа, арзи эҳтиром ба мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳое, ки зимни дифои Ватан ҷон бохтаанд, мусоидат менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






