10 ДЕКАБР – РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро менамояд

Декабрь 10, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон — ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 74 сол пур мешавад.

Ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ-сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Умарова, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода карда шудааст. «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб шуда, дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, ба рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт. Дар санади мазкур диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, баробарҳуқуқӣ, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, озодии сухан, виҷдон ва эътиқод эътироф шуда, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд манъ шудааст»,-зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро уҳдадор намудааст, ки дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба назари эътибор гирифта, риоя ва иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

Гулҷаҳон Умарова изҳор медорад, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад ва таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат раванди тӯлонӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.

«Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 то 2022 ба ҳафт мақомоти шартномавӣ оид ба ҳуқуқи инсон зиёда аз 25 гузориш пешниҳод намуда, се маротиба расмиёти Шарҳи универсалии давриро гузашта, дар натиҷа зиёда аз 1000 тавсияи мақомоти Созмони Милали Муттаҳидро, ки амалан ҳамаи ҷанбаҳои пешрафтро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар бар мегиранд, қабул кардааст»,-иттилоъ дод Г. Умарова.

Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Дар ин раванд бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву хизмати низомиён, мустаҳкам гардонидани асосҳои моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди инфрасохтори муосири ҳифзи сарҳад, таъмин намудани сохтору мақомоти зикршуда бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ баҳри андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар паёмҳои худ ба Парлумони кишвар ва дар вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дастурҳои мушаххас дода мешаванд.

«Дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Агар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи тамоми ҷомеа ва асосан мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бошад, мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарорсозӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи бевоситаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Барои рушди фаъолият дар ин самти пурмасъул аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд»,-иброз дошт ӯ.

Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол иловатан атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола дар аввали моҳи декабр «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» гузуронида мешавад, ки давоми он чанд барномаи сатҳи баланд доир мегардад. Дар онҳо самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти мардум ва сатҳи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид