16 декабр гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян мегардад

Декабрь 5, 2022 16:34

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки то 15 декабр идома меёбад. 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза беҳтарин иштирокчӣ донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.

Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 128851 нафар, дар даври дуюм 37984 нафар, дар даври сеюм 7096 нафар иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 442 нафар иштирок менамоянд. Аз онҳо 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2022 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?