АМИТ «Ховар» барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғиби соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ доир гардид. Дар он АМИТ «Ховар» барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғиби соҳаи сайёҳӣ ва инъикоси саривақтии имконияти рушди сайёҳӣ бо Ҷом ва «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маросим инчунин тамоми соҳибкорони ташаббускор, вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилоти ҷамъиятие, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт саҳм гузошта, дар татбиқи нақшаву ибтикороти шаҳрдорӣ мусоидат намудаанд, аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маросми ҷоизасупорӣ намояндагони вазорату идораҳо, корхонаву муассиса, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони ВАО иштирок варзиданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрик намуда, иброз дошт, ки “шаҳри Душанбе ҳамчун маркази тамаддуни муосири илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо тарғиби арзишҳои наҷиби инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳу дӯстӣ ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, аз баракати соҳибистиқлолӣ ва самараи сиёсати созандаву бунёдгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бузурги маънавиёт, илму маърифат ва имкониятҳои рушди устувор ноил гардидааст”.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода гуфт, ки бо шарофоти сиёсати Сарвари давлат ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе пойтахт ба яке аз шаҳрҳои шинохта ва пешрафта табдил гардидааст


Мавсуф зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар идома баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби сарояндагони варзидаи кишвар барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Дидор САЪДУЛЛОЕВ








Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






