ҲАШТ ДАСТАИ МУНТАХАБ МОНД! АМИТ «Ховар» ҷадвали бозиҳои марҳилаи ¼-финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футболро пешкаш мекунад
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии марҳилаи даври 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба анҷом расиданд. Дар ин марҳила охирин роҳхатҳо ба даври навбатии марҳилаи оянда дода шуданд. Дастаи мунтахаби Португалия тими Швейтсарияро бо ҳисоби 6:1 мағлуб кард ва Марокаш дар зарбаҳои ёздаҳметра тими миллии Испанияро ба таври ҳангомавӣ шикаст дод.
Тақвими бозиҳои чорякфиналии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол чунин аст:
9 декабр
Соати 20:00 ба вақти Душанбе бозии Хорватия ва Бразилия баргузор мешавад. Соати 23:59 ба вақти Душанбе бозии Нидерланд ва Аргентина оғоз мегардад.
Пахши мустақими бозиҳоро метавон тавассути шабакаҳои телевизионии варзишии Тоҷикистон «Варзиш» ва «Футбол» тамошо кард.
10 декабр
Соати 20:00 ба вақти Душанбе бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Марокаш ва Португалия оғоз мешавад. Соати 23:59 ба вақти Душанбе бозии ниҳоии даври чаҳорякфиналии ЧҶ оид ба футбол миёни Англия ва Фаронса оғоз мегардад.
Пахши мустақими бозиҳоро метавон тавассути шабакаҳои телевизионии варзишии Тоҷикистон «Варзиш» ва «Футбол» тамошо кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






