Аввалин хатмкунандагони давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» соҳиби шаҳодатнома шуданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, хатмкунандагони он соҳиби шаҳодатнома шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар ҷамъбасти давраи омӯзишии такмили ихтисос Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер иштирок намуданд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода зикр намуд, ки мақсади баргузории давраи омӯзиши такмили ихтисос аз омӯзиши ташаккули самтҳои асосӣ ва заминаи сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, вазифаҳо барои такмили идоракунии рушди маҳал, инчунин муайян кардани механизмҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал иборат мебошад.
«Фароҳам овардани шароит барои рушди устувори минтақа яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат мебошад, ки ба даст овардани он амнияти озуқавориро таъмин мекунад. Ин ба қобилияти баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон заминаи мусоид мегузорад. Консепсия асоси ташкилию сиёсӣ ва методологиро барои пешбурди навсозӣ дар сатҳи маҳал фароҳам оварда, ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими функсияҳо, ташкил ва сохтори идоракунии маҳал мусоидат хоҳад кард»,-афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Таҳияи барномаҳо оид ба такмили идоракунии маҳаллӣ вобаста ба баланд бардоштани неруи худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани манбаъҳои дастгирии молиявии функсияҳои идоракунии давлатӣ дар сатҳи маҳал ва худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани механизми бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани моликият мувофиқи мақсад мебошад. Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ- ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.
Давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар 4 давра баргузор шуда, онро 20 нафар раисони ҷамоатҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон хатм намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






