Аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд

Декабрь 28, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 28.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ҷумла, дар МД таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  ҳамоиши идона баргузор гардида, дар раванди ин тадбири маърифатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмуд Муродов иштирок намуданд. Дар раванди ҳамоиши идона аз ҷониби иштирокчиён туҳфаҳои идона аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 495 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи шакли интернатии шаҳр тақдим гардиданд. Анҷоми чунин амали нек сабаби хурсандиву болидарӯҳии кӯдакону навравсон гардид.

Барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи масъулин бо ҷалби тарбиятгирандагони фаъоли маҳфилҳои эҷодиву ҳунарӣ идомабахши чорабинии ҷашнӣ дар Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе гардид. Зери суруду таронаҳои дилнишини ҳамсолони худ тарбиятгирандагони муассиса шодиву хурсандӣ намуданд. Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ ба 12 нафар ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз ҳисоби тарбиятгирандагони ин муассиса туҳфаҳои пулӣ тақдим гардида, барои 540 нафар хони идона ороста шуд.


Дар идомаи тадбирҳои хушнудсозӣ туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 116 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе расонида шуданд.

Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2023 ба 100 нафар тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати ёрирасони №3»-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дардмандону бепарасторон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд. Туҳфаҳои идонаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода тақдим намуд.

Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз  маҷмӯи либосҳои гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд. Ҳамчунин барои бошандагону тарбиятгирандагони Мактаб-интернати № 3 дастурхони идона ва ҷиҳати болидарӯҳии онҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.

Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ баргузор гардид.


Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави мелодӣ баҳри хонандагону тарбиятгирандагони «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и ш.Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ва фароғатӣ доир карда шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат намуда, ба 56 нафар тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ, либоси гарми зимистона ва пойафзол тақдим намуданд.

Ҳамзамон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе низ либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ супорида шуданд. Туҳфаҳоро ба бошандагони ин муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода тақдим намуд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 28, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд