Ба 2300 нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд

Декабрь 29, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 29.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба 2300 нафар кӯдакони ятиму бепарастор аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Туҳфаҳои мазкур зимни барномаи фарҳангиву фароғатии солинавии «Шаҳри муъҷизаҳо», ки имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Сирки давлатии Тоҷикистон доир гардид, тақдим шуданд.

Барномаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани фарорасии Соли нави мелодии 2023 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасони пойтахт ташкил гардид. Дар барномаи мазкур кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи барномаи идона муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода паёми шодбошии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 ба кӯдакони пойтахт расонд.

Толори Сирки давлатӣ бо тарзи хос оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардидааст.

Дар идома барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони «Шаҳри муъҷизаҳо», ки дар шакли намоиши театрикунонидашуда аз бозиҳои афсонавӣ, суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи «Тоҷикистон», «Душанбе», «Соли харгӯш» ва ғайра иборат буд, ба тамошо гузошта шуд.

Дар барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюлот ва афсонаҳои кӯдакӣ ворид менамуданд.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро шогирдони мактабҳои мусиқӣ, ансамблҳои бачагонаи пойтахт, кормандони Сирки давлатии Душанбе ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ бо ҳунари волои худ боз ҳам рангину дилкаш намуданд.

Дар баробари ин шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни барномаи фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд