Ба қабули Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 23 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр ба қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар, беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати тақдирсоз ва дунявӣ мусоидат намуд, 23 сол пур шуд. Ин нукта зимни ҳамоиш бахшида ба раванди амалишавии фармони мазкур иброз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамоиш таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир гардид. Зикр шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти вазъи занон ва оила замина гузошт.
Дар ҳамоиш ҳамзамон собиқадорони меҳнат- собиқ раисони Кумитаи кор бо занон ва оила Латофат Насриддинова ва Рафоат Тоҳирова, намояндагони вазорату идораҳо, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», шунавандагони курси омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон» ва кормандони дастгоҳи марказии кумита иштирок намуданд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар ин давра механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон мустаҳкам шуда, заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати имконияти баробари мардону занон таъмин ва такягоҳи воқеии бонувони тоҷик шуданд. Дар идомаи ин иқдом аз ҷониби Президенти мамлакат якчанд санадҳои арзишманде ба тавсиб расиданд, ки аз таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат ба занони кишвар шаҳодат медиҳанд.
Тазаккур дода шуд, ки тӯли 30 соли истиқлолият баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидани мавқеи сиёсию иҷтимоии ин қишри ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор дошт. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.
Латофат Насриддинова аз таърихи таҳия ва қабули ин фармони тақдирсоз ёдовар шуда, зикр дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавқеи иҷтимоии занону бонувонро дастгирӣ менамояд. Хушбахтона, тавассути ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат занону бонувон дар рушди иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Ҳамоиш бо тақдими Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон ва фаъолдухтарон анҷом ёфт.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ








Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






