Барои пойгоҳи обкашии «Сомғор-1»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду агрегати нав харидорӣ мешавад
СУҒД, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва дар ниҳоят зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии «Сомғор-1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду агрегати нав харидорӣ карда мешавад, хабар доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ин пойгоҳи обкашӣ шинос гардид.
Пойгоҳи обкашии «Сомғор-1» аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 8 таҷҳизоти асосии обкашӣ мебошад. Тавассути пойгоҳ қисми зиёди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Исмоил обёрӣ гардида, барои таъмиру омодасозии он ба мавсими киштукор ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд.
Соли равон барои таъмини муназзами заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ барои ин пойгоҳи обкашӣ ду агрегати нав харидорӣ ва дастрас гардида буд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 33 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо то 22000 гектар замин обёрӣ мешавад. Мутахассисони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар айни замон талош доранд, ки тамоми пойгоҳҳои обкашии ноҳияро ба мавсими нав омода намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






