БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд

Декабрь 30, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ​ ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд.

Волидайни ин тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошанд. Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушди дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд.

Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё «дугоникҳои сиамӣ» яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳоло бо роҳандозӣ гардидани чунин усули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хуб ҳосил намуданд.


Ба гуфти мутахассисони соҳа, ин усули нави ҷарроҳӣ ягона дастоварди шуъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир табибони шуъба якчанд навъи ҷарроҳӣ ба роҳ мондаанд, ки барои таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.

Наздикони тифли нав ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки дар айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. Дар айни замон модари тифл дар шуъбаи эҳёгари бистарӣ буда, ҳолати тифли навзод хуб аст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 30, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд