ЧҶ-2022. ДАСТАИ МУНТАХАБИ АРГЕНТИНА БА ФИНАЛ БАРОМАД. Рақиби ӯ дар бозии ҳалкунанда кӣ мешавад – Фаронса ё Марокаш?

Декабрь 14, 2022 12:45

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Аргентина дар бозии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дастаи Хорватияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Бозӣ рӯзи сешанбе дар варзишгоҳои «Лусаил» доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Голҳоро дар ин бозӣ Лионел Месси (34 дақиқа, ҷаримаи ёздаҳметра) ва Хулиан Алварес (39,39) ба нишон расониданд.

Дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Хорватия дар чемпионати соли 2018 дар Россия вохӯрда буданд ва дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ дар Нижний Новгород хорватҳо бо ҳисоби (3:0) пирӯз шуда буданд.

Сарбони дастаи мунтахаби миллии Аргентина Лионел Месси бозии 25-умро дар ЧҶ гузаронида, рекорди Лотар Маттеуси олмониро дар шумораи бозиҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон такрор кард. Чемпионати ҷаҳонии феълӣ панҷумин ЧҶ Месси дар фаъолияти ӯ мебошад (2006, 2010, 2014, 2018, 2022). Маттеус дар чемпионатҳои ҷаҳон дар солҳои 1982, 1986, 1990, 1994 ва 1998 ширкат кардааст.

Инчунин аргентинӣ аз рӯи голҳои дар чемпионатҳои ҷаҳон задааш пешсафи дастаи мунтахаби худ гардид. Гол ба дарвозаи хорватҳо 11-умин голи Месси буд ва Габриэл Батистута (10 гол) дар ҷои дуюм қарор гирифт. Месси дар феҳрасти нишонзанҳои мусобиқаи ҷорӣ бо Килиан Мбаппеи фаронсавӣ зинаи аввалро касб мекунад, ҳарду бозигар панҷголӣ задаанд.


Дастаи мунтахаби Аргентина бори шашум (1930, 1978, 1986, 1990, 2014, 2022) дар финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бозӣ мекунад. Аргентинагиҳо солҳои 1978 ва 1986 дар ин мусобиқот ғолиб шуда буданд. Дар бозии ҳалкунандаи Чемпионати ҷаҳон дар Қатар дастаи мунтахаби Амрикои Ҷанубӣ бо ғолиби вохӯрии дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Марокаш, ки рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи «Эл-Байт» дар Эл-Хора баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Хорватҳо 17 декабр дар бозӣ барои ҷойи севум бо дастае, ки дар даври дуввуми нимфинал мағлуб мешавад, бозӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои Чемпионати ҷаҳон дар Қатар дар панҷ шаҳр дар ҳашт варзишгоҳ баргузор мешаванд. Ғолиби чемпионати охирини ҷаҳон, ки дар Россия баргузор шуд, дастаи мунтахаби Фаронса буд. Аз ҳама бештар дастаи мунтахаби Бразилия дар Чемпионатҳои чаҳон оид ба футбол (панҷ маротиба) ғолиб гардидааст.

Бозии финалӣ дар Қатар 18 декабр дар Варзишгоҳи миллии «Лусаил» баргузор мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2022 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад