ЧҶ-2022 ОИД БА ФУТБОЛ. Имрӯз бо бозии дастаҳои Хорватия ва Бразилия марҳилаи чорякфинал оғоз мешавад

Декабрь 9, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Қатар бозиҳои аввали даври чаҳорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид футбол-2022 оғоз мегарданд. Дар он дастаҳои мунтахаби Хорватия бо Бразилия соати 20:00 ба вақти Душанбе ва дар ҷуфти дигар дастаҳои мунтахаби футболи Нидерланд бо Аргентина соати 23:59 миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ин пештар дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Бразилия, ки шаби 5 декабр дар бозиҳои даври 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар рақибонашонро мағлуб карданд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чорякфинал ҳамчунин дастаҳои мунтахаби футболи Фаронса бо Англия ва Португалия бо Марокаш 10 декабр миёни ҳам рақобат мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд