Дар Афғонистон нахустин бор баъди ба қудрат расидани толибон як нафар ба қатл расонида шуд

Декабрь 8, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Толибон баъди ба сари қудрат расидан дар Афғонистон ба аввалин қатл даст заданд, иброз дошт намояндаи ҳаракат Забеҳулло Муҷоҳид зимни нашри  изҳороти  «Толибон»*.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Фароҳ як мард, ки ба одамкушӣ айбдор шуда буд, ба қатл расонида шуд.  Дар ҷараёни иҷрои ҳукми қатл намояндагони баландпояи ҳаракат, аз ҷумла судяи Суди Олӣ Муҷоҳид, инчунин иҷрокунандагони вазифаҳои сардорони  вазоратҳои корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва Амирхон Мутақӣ иштирок намуданд.

Аввалҳои моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро алайҳи неруҳои давлатии Афғонистон пурзӯр намуда, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти муҳофизати  низомиёни амрикоӣ буд, тахлияи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд ва ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи ҳукмронии аввалини «Толибон»* масъули сиёсати берунӣ буд, роҳбарӣ кард.

______________________

* Толибон ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд