Дар Ашқобод масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ашқобод масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд. Дар ин бора дар мулоқоти муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода муфассал зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин мубодилаи афкор дар атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сурат гирифт.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Туркманистон равобити худро бо шарики стратегӣ — Тоҷикистон густариш хоҳад дод. Дар ин бора Президенти ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов зимни ҷаласаи васеи ҳукумат бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ изҳор дошт, хабар медиҳад рӯзномаи русизабони ҳукуматӣ «Нейтральный Туркменистан».
Сердар Бердимуҳамедов густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар хонд.
Ба гуфтаи ӯ, густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аз авлавияти сиёсати хориҷии Туркманистон мебошад.
Илова бар ин, Сердар Бердимуҳамедов Россия ва Чинро аз шарикони стратегии ин кишвар номид. Баъдан Эрон, Афғонистон, Туркия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ба сифати дӯстони наздики Туркманистон номбар шуданд.
Сердар Бердимуҳамедов дар интихоботи пеш аз муҳлат, ки 12 марти соли 2022 баргузор шуд, Президенти Туркманистон интихоб гардид. Ӯ дар ин мақом падараш Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро иваз кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом доданд. Рустами Эмомалӣ Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ташриф овардан ба кишвари мо расониданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ байни Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Эрон доир шуд
Дар Боку ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Эрон масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе аввалин Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои молияю бонк ва сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Маркази ҷануб мулоқот намуд
Дар Брюссел мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кипр баргузор гардид
Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуд






