Дар Ашқобод масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ашқобод масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд. Дар ин бора дар мулоқоти муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода муфассал зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин мубодилаи афкор дар атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сурат гирифт.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Туркманистон равобити худро бо шарики стратегӣ — Тоҷикистон густариш хоҳад дод. Дар ин бора Президенти ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов зимни ҷаласаи васеи ҳукумат бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ изҳор дошт, хабар медиҳад рӯзномаи русизабони ҳукуматӣ «Нейтральный Туркменистан».
Сердар Бердимуҳамедов густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар хонд.
Ба гуфтаи ӯ, густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аз авлавияти сиёсати хориҷии Туркманистон мебошад.
Илова бар ин, Сердар Бердимуҳамедов Россия ва Чинро аз шарикони стратегии ин кишвар номид. Баъдан Эрон, Афғонистон, Туркия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ба сифати дӯстони наздики Туркманистон номбар шуданд.
Сердар Бердимуҳамедов дар интихоботи пеш аз муҳлат, ки 12 марти соли 2022 баргузор шуд, Президенти Туркманистон интихоб гардид. Ӯ дар ин мақом падараш Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро иваз кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом доданд. Рустами Эмомалӣ Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ташриф овардан ба кишвари мо расониданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






