Сердар Бердимуҳамедов дар бораи робитаҳо бо Тоҷикистон сухан гуфт

Декабрь 13, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Туркманистон равобити худро бо шарики стратегӣ — Тоҷикистон густариш хоҳад дод. Дар ин бора Президенти ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов зимни ҷаласаи васеи ҳукумат бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ изҳор дошт, хабар медиҳад рӯзномаи русизабони ҳукуматӣ «Нейтральный Туркменистан».

Сердар Бердимуҳамедов густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии ин кишвар хонд.

Ба гуфтаи ӯ, густариши равобит бо ҳамсояҳо ва дӯстон дар минтақаи Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аз авлавияти сиёсати хориҷии Туркманистон мебошад.

Илова бар ин, Сердар Бердимуҳамедов Россия ва Чинро аз шарикони стратегии ин кишвар номид. Баъдан, Эрон, Афғонистон, Туркия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ба сифати дӯстони наздики Туркманистон номбар шуданд.

Сердар Бердимуҳамедов дар интихоботи пеш аз муҳлат, ки 12 марти соли 2022 баргузор шуд, Президенти Туркманистон интихоб гардид. Ӯ дар ин мақом падараш Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро иваз кард.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ташриф овардан ба кишвари мо расониданд.

Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Илова бар ин, бо мақсади мусоидат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шаванд.

Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафар ҳамчунин бо собиқ сарвари Туркманистон, Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд.

Рустами Эмомалӣ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати оғози фаъолият ба ҳайси Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон муборакбод намуда, ба ӯ таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки айни ҳол раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ ҷараён дорад.

Дар вохӯрӣ роҳбарони парлумонҳои ҳарду кишвар дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ, инчунин ҷанбаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавиро баррасӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов изҳор доштанд, ки солҳои охир муносибатҳои тиҷоратӣ густариш меёбанд.

Ҳамчунин ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳарду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои роҳбарияти Туркманистонро дар доираи СММ ва ИДМ дастгирӣ менамояд.

Ҷонибҳо вазъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз таҳкими мавқеъҳои гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Акс: TDN

Декабрь 13, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева чорабинии канории Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир шуданд
Дар Женева робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус мулоқот намуд
Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ густариш меёбад
Дар шаҳри Ҳамбург ҷашни Меҳргон таҷлил гардид
Шараф Шерализода бо мудири минтақавӣ ва намояндаи Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти СММ мулоқот намуд
Масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Молдова ҳамкориро дар самтҳои мухталиф баррасӣ намуданд
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ДИПЛОМАТИЯИ ОБ: АЗ ҚАДАМИ АВВАЛ ТО БА ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ». Нашриёти «Весь мир» таҳти ин унвон китоб нашр кард
Тоҷикистон ва Кувайт масъалаи афзоиш додани гардиши мол байни ду давлатро баррасӣ намуданд