Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид

Декабрь 1, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 01.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фестивал Сафири Россия дар Тоҷикистон Семён Григорйев ва намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва дипломатии ҳарду кишвар иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода нахуст меҳмононро истиқбол намуда, бо фаъолияти илмию таълимии Маркази русии назди Донишгоҳ, ки мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифта буд, шинос кард.

«Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», дар асоси қарордоди Донишгоҳ ва Фонди «Русский мир» 10 июни соли 2010 дар ДМТ «Маркази русӣ» таъсис дода шуд, ки мақсади асосии он ташвиқу тарғиб ва тақвияти барномаи рушди устувори омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад», — гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Баъдан дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён Фестивали муаррифии забон ва фарҳанги рус «Дӯстии халқҳо» ифтитоҳ ёфт, ки дар он Сафири Россия дар Тоҷикистон С. Григорйев, директори иҷроияи Фонди «Русский мир» В. Кочин, роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон И. Иванов иштирок намуда, доир ба ҳамкории гуногунсамти Тоҷикистон ва Россия сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 8 апрели соли 1992 барқарор шудааст. Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард. Дар заминаи муносибатҳои дӯстона ташкили марказҳои омӯзишию таълимӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму маориф дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд, ки яке аз онҳо баланд бардоштани дараҷаи дониш, маҳорату малака, шиносоӣ бо методҳои таълимии фаъол, маслиҳату машварат барои донишҷӯён ва омӯзгорони забон ва адабиёти рус мебошад.


Гуфта шуд, ки гузаронидани озмунҳо, фестивалҳо, мастер-классҳо, намоиши китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва чорабиниҳои илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва хонандагон бо ҷалби зиёиён аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар заминаи Маркази русии назди Донишгоҳ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар Фестивал оид ба ҳамкории байналхалқӣ бо мактабҳои олӣ, академияи илмҳо, ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатии Россия барои амалӣ гардонидани самтҳои асосии илмӣ- тадқиқотӣ, маданию маърифатӣ ва донишандӯзии ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён гардиданд.

Дар ҷараёни Фестивал ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ба Сафири Россия туҳфаи хотиравӣ ва аз ҷониби роҳбарияти Фонди «Русский мир» ба ректори ДМТ Нишони сарисинагӣ ба муносибати рушди ҳамкории дуҷониба тақдим шуданд.


Дар идомаи Фестивал барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни факултети филологияи рус доир гардид, ки аз қироати шеърҳо ва суруду таронаҳои дилнишин иборат буд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад