Дар Душанбе Стратегияи амнияти иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: нишонаҳои нави рушд» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов гуфт, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва индустрикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти бамиёномада вобаста аст.
«Амнияти иқтисодӣ чун бахши муҳими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030» ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар, беҳтар кардани системаи идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад, ки ҳамаи чорабиниҳо, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ равона карда шудаанд»,-зикр намуд У. Давлатов .
Таъкид гардид, ки бо мақсади кам кардани таъсири таҳдидҳо ба амнияти иқтисодӣ то соли 2030 Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзоиш дода, камбизоатиро беш аз 2 маротиба кам намояд ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50% афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ҳиссаи сармояи хусусӣ дар ММД бояд 5 маротиба афзоиш ёбад ва саҳми бахши саноат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






