Дар Хатлон ба шарафи эълони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиш ва роҳпаймоии ҳизбӣ баргузор гардид

Декабрь 21, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар дар ҳошияи рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» — эълон гардидааст, бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки чаҳор ташаббуси қаблии байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, Солҳои 2005-2015- Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд. Инак, Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси панҷуми Сарвари давлати моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд, ки аз ин эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар меравад.

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон доданд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

Ҳамоиши фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ ба муносибати қабули қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии СММ дар самти обу иқлим, ки бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба роҳ монда шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафшон» Билоли Ҳикматулло оид ба нақши ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва ҷонибдорӣ ва ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аз иқдомҳои ояндасози Сарвари давлат ибрози андеша намуданд.

АКС: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Декабрь 21, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд